- қолиб
- [قالب]1. ниг. қолаб; қолаби беҷон тани берӯҳ, ҷисми беҷон2. андозаи ягон чиз; бӯтаи оҳангарӣ; чӯбе, ки ба шакли пой тарошида, пойафзолро дар он мекашанд ва медӯзанд; олат ва абзоре барои шакл додан ба мавод: қолиби кафш ё мӯза, қолиби рехтагарӣ, қолиби хишт, қолиб гирифтан, қолиб задан, қолиб тарошидан, аз қолиб баромадан, ба қолиб рехтан3. нақши барканда ё барҷастаи ягон чиз дар рӯи тахта, филиз ва ғ., ки онро ранг карда, бо чизи дигар пахш мекунанд, то нақш ба чизи дигар гузарад: қолиби читгарӣ коғаз ё филизе, ки дар он нақше, ҳарфе ё рақаме бурида шудааст (барои наққошӣ ё рассомӣ); коғази нақшапартоӣ4. маҷ. шакл, намуд: қолиби назм, қолиби наср; ба қолиби чизе даровардан ба шакли чизе даровардан, шакли чизеро додан◊ хишт аз қолиб бархест вақти иҷрои коре гузашт, фурсат аз даст рафт, кор аз кор гузашт
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.